البحث

عبارات مقترحة:

العلي

كلمة العليّ في اللغة هي صفة مشبهة من العلوّ، والصفة المشبهة تدل...

النصير

كلمة (النصير) في اللغة (فعيل) بمعنى (فاعل) أي الناصر، ومعناه العون...

سورة الممتحنة - الآية 1 : الترجمة الطاجيكية

تفسير الآية

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمْ أَوْلِيَاءَ تُلْقُونَ إِلَيْهِمْ بِالْمَوَدَّةِ وَقَدْ كَفَرُوا بِمَا جَاءَكُمْ مِنَ الْحَقِّ يُخْرِجُونَ الرَّسُولَ وَإِيَّاكُمْ ۙ أَنْ تُؤْمِنُوا بِاللَّهِ رَبِّكُمْ إِنْ كُنْتُمْ خَرَجْتُمْ جِهَادًا فِي سَبِيلِي وَابْتِغَاءَ مَرْضَاتِي ۚ تُسِرُّونَ إِلَيْهِمْ بِالْمَوَدَّةِ وَأَنَا أَعْلَمُ بِمَا أَخْفَيْتُمْ وَمَا أَعْلَنْتُمْ ۚ وَمَنْ يَفْعَلْهُ مِنْكُمْ فَقَدْ ضَلَّ سَوَاءَ السَّبِيلِ﴾

التفسير

1. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, ва ба шариати Ӯ амал кардаед, душмани Ману душмани худро ба дӯстӣ ихтиёр макунед. Шумо бо мушрикон тарҳи дӯстӣ меафканед ва ахбори Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва мӯъминонро ба онҳо мегӯед ва ҳол он ки онҳо ба сухани ҳаққе, ки Қуръон аст, бар шумо омадааст, имон надоранд. Ва ба хотири он, ки шумо ба Аллоҳ, Парвардигори хеш имон оварда будед, Паёмбар ва шуморо аз Макка берун ронданд. Эй мӯъминон, агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва талаби ризои Ман берун омадаед, пинҳонан бо онҳо дӯстӣ макунед ва Ман ба ҳар чӣ пинҳон медоред ё ошкор месозед, огоҳтарам. Пас, ҳамоно ҳар кӣ чунин мекунад, аз роҳи рост хато карда гумроҳ гаштааст.(1)

المصدر

الترجمة الطاجيكية