البحث

عبارات مقترحة:

المهيمن

كلمة (المهيمن) في اللغة اسم فاعل، واختلف في الفعل الذي اشتقَّ...

الشافي

كلمة (الشافي) في اللغة اسم فاعل من الشفاء، وهو البرء من السقم،...

الحكم

كلمة (الحَكَم) في اللغة صفة مشبهة على وزن (فَعَل) كـ (بَطَل) وهي من...

Қасами Шайтон

الطاجيكية - Тоҷикӣ

المؤلف Мисбоҳиддини Ҳомид
القسم مقالات
النوع نصي
اللغة الطاجيكية - Тоҷикӣ
المفردات العقيدة - كرامات الأولياء
Пас аз офариниши Одам (а) Худованд (ҷ) ба фариштагон фармуд: "Ҳангоме ки онро низом бахшидем ва аз рӯҳи худ дар он дамидем, барои ӯ ба саҷда афтед" (сураи "Ҳиҷр", ояти 29). Бо ин фармони илоҳӣ "фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд" (сураи "Ҳиҷр", ояти 30). Аммо иблис "ба хотири рӯҳияи истикбораш аз фармони Худо сарпечӣ намуд ва саҷда накард" (сураи "Бақара", ояти 34). Зеро иддаои бартарӣ бар Одам дошт ва мегуфт: "маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил ва ман бартар (болотар) аз ӯям" (сураи "Сод", ояти 76). Ба ҳамин далел Худованд (ҷ) ба вай фармуд: "аз осмонҳо (ва аз суфуфи малоика) дур шав, ки ту рондаи даргоҳи манӣ". Ба ин васила иблис аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд.